ABNA24 : Ба гузориши хубургузории Анатоли, манобеи дипломатии огоҳ дар вазорати хориҷаи Кувайт гуфтаанд, ин кишвар дар сӯрати фароҳам шудани шароити муносиб омодааст, миёнҷигарии худ миёни Арабистони Саудӣ ва Эронро идомаи диҳад.
Ин манобе, ки хостанд номашон фош нашавад афзуданд, Кувайт ҳамвора талош кардааст, ки дидгоҳҳои ба якдигар наздик ва ихтилофот аз роҳи дипломатӣ ҳалу фасл шавад.
Манобеи дипломатии кувайтӣ гуфтанд, сухан гуфтан дар бораи аз сар гирифта шудани миёнҷигарӣ миёни ду кишвар, сирфан таҳлиле аст ва бар асоси иттилооти дақиқ нест, зеро ихтилофҳо миёни Арабистон ва Эрон танҳо ба Яман маҳдӯд нест, балки шомили Ироқ, Сурия ва Лубнон низ мешавад, зеро ҳамаи ин мавзӯот бо якдигар дар иртибот ҳастанд.
Онҳо муътақиданд, ки тавофуқ миёни Теҳрону Риёз паёмадҳои мусбате дар минтақа хоҳад дошт, ин мавзӯе аст, ки Кувайт ҳамвора ба дунболи он буда ва умедвор аст ба он даст пайдо кунад.
Ин дар ҳоле аст, ки пештар Шайх Муҳаммад бин Абдурраҳмон Ол Сонӣ, вазири умури хориҷаи Қатар музокира ва гуфтугӯ миёни кишварҳои арабӣ ва Эронро хостор шуда буд.
342/